Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Суғд

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои ҳамоҳансозӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Р.М. ҷаласаи Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Муфассал...

 

Вохӯриҳо дар шаҳри Душанбе

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тибқи нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ кардани нашъамандӣ, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар, моҳи феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, прокуратура ва суди ноҳияи мазкур дар байни волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии № 30, 40, 45, 49, 51 ва 75, инчунин дар маҳаллаи шаҳраки 63-и ноҳияи мазкур дар мавзӯҳои зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористӣ-экстремистӣ баргузор гардид.

Муфассал...

 

Вохӯрӣ дар байни толибилмони н. Лахш

Аз тарафи кормандони Шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо устодон ва толибилмони Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Лахш вохӯрӣ дар мавзӯҳои “Нест бод нашъамандӣ” ва “Тоҷикистон зидди мухаддирот” баргузор гардид.

Мутахассисони Агентӣ оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.

 

Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

9 феврал дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарон ва сарбозон баргузор гардид.

Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, пешгирии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ, намудҳои маводҳои нашъаовар, таъсири онҳо ба системаи марказии асаб маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои ҷавобгарӣ барои истеъмоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, усулҳои муолиҷаи шахсоне, ки аз маводи нашъадор сӯистифода менамоянд, саволҳо доданд.

Ба ҳозирин видеофилм дар бораи оқибатҳои фоҷиавори таъсири маводи нашъадор ба вазъи саломатӣ намоиш дода шуд.

 

Мусобиқаи варзишӣ дар н. Лахш

Кормандони Шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби ҳаёти солим байни 16 дастаи ҷавонони ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол ташкил намуданд.

Ҷамъбасти мусобиқаи футбол бо иштироки раиси н. Лахш баргузор гардид, ки ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Рафти баргузории чорабинии мазкур тавассути шабакаи телевизиони Тоҷикистон наворбардорӣ карда шуд.

 

Саҳифаи 1 аз 11

«ОғозБа ақиб12345678910Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН