Навгониҳо

Тренинг оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ

Душанбе, 13 Феврал 2017 10:44

IMG_5878 13 феврал дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинг дар мавзӯи “Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ”, ки аз ҷониби Шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ШМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ба кори худ шурӯъ намуд.

Муфассал...

 

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР АГЕНТӢ

Ҷумъа, 10 Феврал 2017 10:36

10 феврали соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аъзоёни Шӯро – роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.

Муфассал...

 

Вохӯрӣ бо устодон ва донишҷўён

Панҷшанбе, 09 Феврал 2017 04:44

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни устодон ва донишҷёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ донишҷӯён бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани фаҳмиш ва идроки онҳо аз оқибатҳои даст задан ба истеъмол ва истифодаи маводи нашъаовар, муомилоти ғайриқонунии ин навъи мавод ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат мекунад ва бо аз ҷонибдорӣ ва ҳамовозии комили худ ҷиҳати дар оянда низ баргузор кардани чунин вохӯриҳои муфид ва таъсиргузор дарак доданд.

Вохӯрӣ бо мубодилаи саволу ҷавоб байни масъулин ва донишҷӯён ба анҷом расид.

 

Вохӯрӣ дар мавзӯи танзими анъана

Душанбе, 06 Феврал 2017 04:48

04022017-1

3 феврали соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи корҳо оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Муфассал...

 

Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2016

Панҷшанбе, 02 Феврал 2017 06:34

2 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Муфассал...

 

Дар натиҷаи амалиёти муштарак дар Россия нашъаҷаллоб дастгир гардид

Чоршанбе, 18 Январ 2017 06:33

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург амалиёти муштарак бо усули “таҳвили назоратшаванда” гузарониданд, ки дар натиҷа шаҳрванди Федератсияи Россия Аъзамов Шокир Пилоғо оғлӣ бо 5 кг героин дастгир гардид.

Муфассал...

 

Кормандони Агентӣ кӯмаки хайриявии навбатӣ расониданд

Панҷшанбе, 29 Декабр 2016 05:00

Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба бошандагони хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и ноҳияи Турсунзода кӯмаки хайриявии навбатӣ расонида шуд.

Маҷрӯҳон ва пирони барҷомонда, ки сарнавишт онҳоро ба ин бошишгоҳ овардааст, беш аз ҳар вақти дигар ба муҳаббату ғамхорӣ ва парасторӣ ниёз доранд.

Муфассал...

 

Кормандони Агентӣ дар тамошои Паём иштирок намуданд

Ҷумъа, 23 Декабр 2016 08:57

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии кишвар иштирок намуданд.

Зимни ироаи паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифагузорӣ намуданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

Муфассал...

 

Дар Агентӣ зиёда аз 360 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Чоршанбе, 21 Декабр 2016 06:48

Имрӯз, 21 декабр бо мақсади тоза намудани ҷамъият аз паҳншавии маводи нашъаовар, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 368 килограмму 271 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 7 кг 984 гр героин, 110 кг 910 гр афюн, 111 кг 425 гр ҳашиш, 136 кг 700 гр бангдона ва 1 кг 250 гр ҳаби МДМА аз рӯи 15 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 17,5 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

 

Дар Душанбе зиёда аз 208 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

Шанбе, 17 Декабр 2016 00:00

Дар чорчӯбаи амалиёти “Кӯкнор-2016” аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбар безарар гардонида шуд.

Кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноятпешаро коркард намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар даст зада, интиқоли онро аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон, ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия ба роҳ монда буданд.

Муфассал...

 

Саҳифаи 1 аз 6

«ОғозБа ақиб123456Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН