Антонелла Деледда: Баъди Тоҷикистон маро дар ягон ҷо чунин гарму ҷӯшон пешвоз нагирифтаанд

Сешанбе, 28 Август 2012 10:28

Мо ва ин 14 сол…

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чордаҳумин солгарди таъсиси худро пушти сар гузошт. 

Мусодираи мухаддирот танҳо як бахши фаъолияти он аст. Дуввумин бахш пешгирӣ аз ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва сӯистеъмол аз маводи мухаддир мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар 14 сол консепсияи барои Тоҷикистон хоси мубориза бо нашъамандӣ рӯи кор омад. Барномаҳо бо низоме тарҳрезӣ шудаанд, ки ҳама гурӯҳҳои аҳолиро новобаста аз синну сол, маҳалли истиқомат ва шуғлашон дар бар мегиранд. 

Муфассал: Антонелла Деледда: Баъди Тоҷикистон маро дар ягон ҷо чунин гарму ҷӯшон пешвоз нагирифтаанд

 

Хушнуд Раҳматуллоев: Мо ҳамаро аз сифр оғоз карда будем

Ҷумъа, 31 Август 2012 07:31

Хотироти ин ҷониб дар бораи рӯзҳои корам дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдҳои кӯҳнае нестанд. Ҳамоно он рӯйдодҳое, ки худ шоҳиди он будам, аз дар пеши назарам дур нарафтаанд.

Тобистони соли 1999 дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дар бораи ба кор қабул кардани кормандон ба Агентии навтаъсиси назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони озмун чоп шуд. Баъдан рўзномаҳо мақолаҳо ва сӯҳбатҳоеро ҳам интишор доданд, ки дар бораи чигунагии сохтор ва ҳадфҳои он нақл мекарданд. Маълум гардид, ки Агентӣ натанҳо бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебарад, балки аз болои муомилоти қонунии он низ назорат бурда, бо ҳама воситаҳои дастрас баҳри пешгирии падидаи барои ҳамагон ногувори нашъамандӣ чораҳо низ хоҳад андешид.

Муфассал: Хушнуд Раҳматуллоев: Мо ҳамаро аз сифр оғоз карда будем

 

Талбак Назаров: Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои шарик манфиатдор аст

Панҷшанбе, 25 Апрел 2013 07:26

Охири солҳои 90 асри гузашта ҳангоми қабули қарор дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳе бо ҳисси нобоварӣ ба он нигариста, самаранокии сохтори ояндаро дар мубориза бо маводи мухаддир зери шубҳа мегузоштанд. Ин замоне буд, ки маводи мухаддир на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба мамлакатҳои хориҷи дур низ таҳдид мекард. Сарфи назар аз ҳама гуна шубҳаҳо, бо дастгириву кӯмаки молиявии Созмони Милали Муттаҳил дар мӯҳлати кӯтоҳ ин Агентӣ таъсис дода шуд, ки тадриҷан ба фаъолиятҳои худ самаранокии худро дар кори мубориза бо маводи мухаддир исбот намуд.

Муфассал: Талбак Назаров: Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои шарик манфиатдор аст

 

15 соли АНМН

Душанбе, 02 Июн 2014 09:57

Наход 15 сол гузашт, шояд 15 сол мумкин синни - кудакӣ ҷавонӣ, наврасӣ бошад, дар ин ҷо баҳс зиёд аст, аммо барои мо собиқадорон, кор дар АНМН дар зиндагии мо хотираҳои фаромўшнашавандаро боқӣ гузошт.

Муфассал: 15 соли АНМН

 

Табрикот ба муносибати 15 – мин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 02 Июн 2014 10:30

Имсол мо ташаббуси муҳим ва 15–умин солгард, ки натиҷаи ҳамкории бомуваффақият байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (РСММ МНҶ) гардидааст, Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро (АНМН) қайд менамоем.

Муфассал: Табрикот ба муносибати 15 – мин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Саҳифаи 1 аз 2

«ОғозБа ақиб12Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН