Тамоюлҳои истеҳсоли ғайриқонуии афюн дар Афғонистон дар соли 2015

Шанбе, 06 Феврал 2016 12:52

Соли 2015 тибқи иттилооти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири ҶИА омода гардидааст, майдони кишти афюн дар Афғонистон 183 000 гектарро ташкил дод, ки ин назар ба нишондоди соли 2014 19% камтар аст.

Новобаста аз ихтисори майдони кишти афюн дар Афғонистон, сатҳи ба қайд гирифта шудаи кишти соли ҷорӣ дар қиёс бо даҳсолаҳои пешин баланд боқӣ мемонад, танҳо аз нишондодҳои солҳои 2014 – 224000 га, 2013 – 209000 га ва 2007 – 193000 га камтар мебошад.

Муфассал: Тамоюлҳои истеҳсоли ғайриқонуии афюн дар Афғонистон дар соли 2015

 

Натиҷаҳои асосии муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2015

Ҷумъа, 17 Апрел 2015 09:06

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2015 ҷиҳати татбиқи бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Муфассал...

 

Баъзе тамоюлҳои истеҳсоли ғайриқонунии афюн дар Афғонистон

Чоршанбе, 26 Ноябр 2014 03:01

Соли 2014 барои Афғонистон соли оддӣ набуд. Дар мамлакат воқеаҳои муҳими сиёсӣ ба монанди оғози баровардани Қувваҳои байналмилалии ёрии амниятӣ аз ҳудуди ин давлат оғоз ёфт.

Аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносони мӯътамади байналмилалӣ тамоюли афзоиши масоҳати кишти кӯкнор ва истеҳсоли маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгӯӣ шуда буд. Инчунин, коршиносон дигар омилҳои инкишофи вазъияти нооромро дар ин мамлакат низ пешгӯӣ намуда буданд.

Муфассал...

 

Хулосаи мутахассисони Агентӣ оид ба афзудани нақши хатсайри Шимол - Баҳри Сиёҳ дар қочоқи афюни афғонӣ ба Аврупо тасдиқ шуда истодааст

Душанбе, 17 Ноябр 2014 06:25

Аз тарафи мутахассисони Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2008 дар асоси маводи омода ва нашрнамудаи Раёсати СММ ва натиҷаҳои таҳлили маводи нашъаовари мусодирашуда хулосаашонро дар бораи мавҷудияти масири нави қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба воситаи қисми шимолии Эрон ва кишварҳои Қафқоз ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва Россия пешниҳод намуд. Ин роҳи нави қочоқи маводи нашъаовар шартан "Масири Шимол - Баҳри Сиёҳ" номида шуд.

Муфассал...

 

Дар Афғонистон масоҳати кишти кӯкнор афзоиш ёфт

Панҷшанбе, 13 Ноябр 2014 11:09

12 ноябри соли 2014  Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар сомонаи худ ҳисоботи пешакӣ оид ба истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар соли 2014 ҷойгир намуд.

Муфассал...

 

Саҳифаи 1 аз 2

«ОғозБа ақиб12Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН