Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2015

5 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2015 баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ Салимзода Шерхон Одина, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Муфассал...

Дар Агентӣ презентатсияи Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ баргузор гардид

26 июн дар Рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ презентатсияи Маърӯзаи умумиҷаҳонӣ барои соли 2015, ки онро Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ омода намудааст, баргузор гардид. Дар он намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, рӯноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

Муфассал...

 

Дар вилояти Хатлон гуфтугӯи телевизионӣ зери шиори “Модарон – зидди нашъамандӣ” баргузор гардид

Моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи вилоят вобаста ба иҷроиши нақша – чорабиниҳо оиди Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013 – 2020 дар Телевизиони Хатлон барномаи ҳармоҳаи пешгирикунандаи нашъамандӣ зери шиори “Модарон – зидди нашъамандӣ” гузаронида шуд. Гуфтугӯи телевизиониро роҳбарият ва шахсони масъули Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон шурӯъ намуда, сараввал аз ҷониби масъулини Раёсати Агентӣ ба бинандагон маълумотҳо доир ба дастовардҳои фаъолияти хизматии Раёсат оид вазъи нашъамандии вилоят пешкаш карда шуданд.

Муфассал...

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид

18 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир” баргузор гардид.

Муфассал...

 

Саҳифаи 1 аз 3

«ОғозБа ақиб123Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН