Солгарде боз дилҳоро ба дард меорад

Панҷшанбе, 30 Август 2012 08:05

Сарнавишти талх, вале ибратомўзе дорад ин марди ҳунар.. бачагии ноором, ҷавонии басо пурҷўшу хурўш ва марги нобаҳангоми фоҷеавӣ. Кас ба чеҳраи зебои ў менигарад ва ҳатто тасаввур намекунад, ки бо ин ҳусни дилпазир ва садои ҷаззобу ҳунари волое, ки қалби миллионҳо нафарро тасхир кардааст, даст ба истеъмоли маводи мухаддир задааст. Ўро чӣ водор кард роҳи касонеро тай кунад, ки дар нимароҳи шўҳрат дили миллионҳо ҳаводорони худро реш-реш кунанд ва тани гарм, чеҳраи диданиву садои шунидании худро зери хок баранд. Сарнавишти онон сабақ нашуд ва ин нобиғаи санъати поп низ бо ҳамон шўру валвала дар як замоне, ки мухлисонаш аз ў асарҳои нав интизор буданд, ин оламро падруд гуфт.

Муфассал: Солгарде боз дилҳоро ба дард меорад

 

Муолиҷа аз нашъамандӣ Миша Бартонро наҷот надод.

Ҷумъа, 18 Январ 2013 07:56

Миша Бартон акнун пуле надорад, ки ҳақи таом ва иҷораи хонаи худро пардозад.

 Боз як қурбонии маводи мухаддир аз худ дарак медиҳад. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи Голливуд Мише Бартон (Миша Энн Марсден) тадриҷан ба муфлис шудани худ эътироф мекунад. Бино ба гузориши расонаҳо вай акнун хонаи худ дар Ҳоливудро ба савдо гузоштааст. Иллати ин амр он аст, ки вай дигар наметавонад маблағҳои заруриро барои нигоҳ доштани он пардохт кунад. Аз сабаби мушкилоташ бо мухаддирот ва асабонияти пайваста кайҳост, ки ӯро ба нақшофаринӣ дар филмҳо ва лоиҳаҳои пурарзиш ва сердаромад даъват намекунанд.

Муфассал: Муолиҷа аз нашъамандӣ Миша Бартонро наҷот надод.

 

Роҳи наҷот кадом аст?

Чоршанбе, 15 Май 2013 07:46

Муддатҳост, ки ба тақозои касбу вазифаи хидматӣ дар бораи нашъаву нашъмандӣ менависам. Ҳолатҳои зиёдеро ба мушоҳида гирифтаам, шояд тӯли ин солҳо бо бештар аз сад нафар гирифторони бемории нашъамандӣ рӯ ба рӯ сӯҳбат кардаам. Вале на ҳамеша худро муваффақ ба тасвири ҳолати табиӣ ва рўҳии онҳо медонам.

Муфассал: Роҳи наҷот кадом аст?

 
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН