Розҳо дар номаҳо

Дар ин бахш метавонад номаи ҳар кадоми Шумо бошад. Номаҳое, ки ба қавли шоир “ифшогари рози диланд”. Ва мо низ онро чунин унвон кардаем: “Розҳо дар номаҳо”.
Ин чӣ розе метавонад бошад? Рози дили модаре, ки қисмат бори сангини таҳаммули нашъамандии фарзандашро ба сараш овардааст. Ин модарест, ки писар ё духтари раҳгумаш барои ӯ ҳамон ҷигарбанд аст. Талош дорад Ӯро наҷот бахшад, вале дар кӯчаи сарнавишт зору нолон ва тану танҳост. Шояд аз мову Шумо имдод меҷӯяд? Шояд ин беҳтарин фурсатест, ки ғоибона ҳам бошад, дасти ӯро гирем ва барояш ба ҳадди имкону ба ҳадди лозим кӯмак кунем?

Ин рози қалби хоҳар ва бародари он азизони раҳгумзада метавонад бошад, ки аз гузаштаи азизтарин шахси худ менависанд ва дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки бо ин роҳ нараванд?
Ин роз шояд номаи дӯсти нашъаманде бошад, ки ӯро аз даст додааст ва ба ҳамсолонаш ҳушдор медиҳад, ки ин пайроҳа хатарнок аст?

Ин роз шояд рози дили худи он гирифтори раҳгумзада бошад, ки роҳи наҷот меҷӯяд ва моро ба ёрӣ мехонад?

Ва шояд ҳар кадоми Шумо маслиҳатеву машварате доред, ки мехоҳед расонед?

Ба ҳар ҳол мо гӯшаро барои ҳамаи Шумо азизони воридшаванда боз мемонем. Ба гӯшаи рости саҳифаи аввал нигаред, ба аломати мактуб фишор оред ва саҳифаи номаҳои ирсолӣ боз мешавад.

Мо интизорем!



Қиссаи як ҷавони нашъаманд...

Душанбе, 18 Январ 2016 05:36

Ашхосе, ки ба гирдоби нашъамандӣ ғуттавар гардидаанд, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд то нафарони дигарро ба гурӯҳи худ шомил намоянд ва ин кор барояшон ба осонӣ даст медиҳад, агар қурбонии навбатӣ иродаи қавӣ надошта бошад......


Даҳшатнок не, балки аз ин ҳам бадтар ба сар мебарам. Хатои хешро дарк кардаю ба ислоҳаш қудрате надорам ба ҷони ҷавони хеш зулм кардаву орзуҳои ҷавониамро ба боди фанно додаам. Дар ҳоле, ки ҳамсолони ман ба зиндагӣ ва ояндаи дурахшони хеш бо чашми умед нигариставу баҳри зистан талош доранд, ман хеле хаставу залил ва дилсард аз зиндагиам....

Муфассал...

 

Нашъабизнес сарамро хӯрд

Чоршанбе, 17 Сентябр 2014 09:41

Ассалому алейкум, хонандаи мӯҳтарам! Ман Ҷамшед сокини шаҳри Сарбанд ҳастам, аниқтараш будам. Айни ҳол дар ҳабсхона ҳастам. Сабаби ба зиндон афтиданам ношукрӣ ва ба як пора нони беминнат қаноат накарданам аст. Ба умеди пули зиёди бо роҳи ҳаром ба дастомадашуда, аз баҳри зиндагии тинҷу осудаи дар ватанам дошта баромадам.


 Бехабар аз он ки ҳар субҳи офтобиро шомест боронӣ ва мақоли «Бори каҷ ба манзил  намерасад»-ро аз  хотир баровардам, гӯё ин мақол «сафсатта» бошад.«Ҷайби пур инсонро  гумроҳ мекунад» гуфтани калонсолон бесабаб набудааст.

Бародаронам, ки мӯҳтоҷи ёрии ман буданд, борҳо ёрдам хоста буданд, вале кӯмакашон накардам. Чанд хонаҳои боҳашамат сохтаму зану фарзандамро сарватманд гардонидам. Шояд ҳайрон шавед, ки ин қадар маблағро аз куҷо ёфтам? Нашъаҷаллобӣ менамудам. Ясир ном ҷавони афғон бо ман ҳамкорӣ мекард ва аз «тиҷорат»- и мо бар ивази ҷони сад ҳазор одами бегуноҳ рӯ ба афзоиш оварду якамон сад шуду садамон ҳазор. Шабҳо бо хонумҳои ҷавон корамон айшу нӯш буд.

Пули зиёд то андозае чашмонамро аз дунё кӯр карда буданд, ки ҳатто аз Худои Карим ҳам боре ёд намекардам. Шумораи дӯстони «ҷонӣ»-ям рӯз аз рӯз меафзуду дар гирдам парвона шуда, «шеф ягон хизмат бошад, як сухан кунед тамом» - гуфта ширинзабонӣ менамуданд. Дафъаи дигар Ясир 60 кг героинро ба мо интиқол дод. Рӯзи қабули «бор» мо намедонистем, ки ба дасти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар мезанем. Баъдтар фаҳмидем, ки  гурӯҳи мо зери назорати ин мақомот будасту, мақсади онҳо аз дастгир намудани тамоми аъзои гурӯҳи мо будаст. Моро дастгир намуда, ба маҳкама кашиданд.

Ба фикрам ин аз ҳама лаҳзаи даҳшатовар дар ҳаёти ман буд. Дар як лаҳза тамоми умри гузаштаам аз назарам гузашт.  Чӣ шабҳои дарози бехобӣ ва рузҳои мадҳуш дар маҳбасхонаи Агентӣ гузаронидам. Дар аввал албатта гунаҳкорро мекофтам, фикрам танҳо як буд, - кист ӯ?? Танҳо баъд аз ду моҳ фаҳмидам, ки касе гуноҳкор нест, танҳо худи худам. Суд баъд аз шаш моҳ Ҳукм баровард: ба ман ҳамчун роҳбари гурӯҳ 18 сол маҳрум аз озодӣ, ба рафиқонам бошад аз 10 то 12 сол маҳрум аз озодӣ муайян намуд. Ин хабари шум ба гӯши модарам ба тезӣ расид ва сабаби ба сактаи дил гирифтор шудани ӯ гашт. Зану фарзандам аз хона маҳрум гаштанд, чунки бо баровардани ҳукм ба 18 сол суд инчунин тамоми молу амволи маро мусодира намуд.

Имрӯз, ки дар пушти панҷарааму аз карда пушаймон ҳастам. Акнун вақте ки дар азобам ба маънии ин ҳикмати бузургон, ки мегӯяд: «Асои Худоро садояш нест, баъди задан даъвояш нест» сарфаҳм рафтам. Аммо афсӯс, ки дигар оби рехтаро аз замин бардошта намешавад. Муроҷиат ба Шумоён, эй бародарон, хоҳарон – ин хатои азими маро такрор накунед, бо ин роҳи бад наравед, ки оқибаташ нестӣ аст! 


 

Аз нашъа ҳазар кунед!

Ҷумъа, 08 Август 2014 09:39

Салом хонандаи гиромӣ! Мехоҳам ба шумо рози худро ифшо намоям. Нашъамандӣ барои ман дарди бегона нест,  онро дар пӯсти худ санҷидаам. Ва ҳоло мехоҳам як пора аз он рӯзгорро нависам то ин ки ҳар касе агар мехонад, рӯзи маро такрор накунад. Ин воқеан ҳам як дард ва мусибати хатарнок аст.

Муфассал: Аз нашъа ҳазар кунед!

 

Дафъ шав, нашъа!

Панҷшанбе, 13 Июн 2013 09:45

Нашъа, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ. Вақте ки ин суханонро мешунавам, дар пеши назарам, гиёҳи заҳрнокро тасаввур мекунам, ки он ба номаш мувофиқ «мунофиқ» аст.

Муфассал: Дафъ шав, нашъа!

 

«Насиҳат гӯш кун, ҷоно..»

Панҷшанбе, 06 Июн 2013 06:13

Мегиряму меноламу ба дарди синасӯзу ҷонгудозам даое намеёбам, ашк мерезаму ғаму андӯҳ сабук карда наметавонам!Ба чеҳраи пажмуради тифлакони тарсонам нигариста, аз Худо илтиҷо менамоям, ки ин мусибати ба сари ман омада охирин бошаду дигар ягон зан бадбахт нашаванд ва фарзандон бе падар намонад.

Муфассал: «Насиҳат гӯш кун, ҷоно..»

 

Саҳифаи 1 аз 2

«ОғозБа ақиб12Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН