Бо иродаи қавӣ алайҳи нашъамандӣ. Сирати зебо – нерӯи тавоно.

Душанбе, 04 Апрел 2016 09:25

Инсонро барҳақ зеботарин офаридаи Худованд медонанд, зеро дар баробари ҳусни зоҳирӣ ба ӯ сирати зебо низ насиб гардидааст. Сирати зебо ё ҳусни ботинии инсон дар ақлу заковат ва рафтору кирдори ҳамидаи ӯ инъикос меёбад ва ин зебоии воқеиро бе илму маърифат тасаввур кардан номумкин аст. Сирати зебо ҳамчун нерӯи тавоно дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ба инсон кӯмак менамояд. Инсони нексирату соҳибмаърифат метавонад бо мушкилоти зиндагӣ дуруст бархӯрд намуда, худ ва наздиконашро аз сарсониву саргарониҳо ҳифз намояд. Аммо, мутаассифона

Муфассал...

 

ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАОВАР БА ЧӢ ОВАРДА МЕРАСОНАД.

Душанбе, 25 Январ 2016 08:02

Истеъмоли мунтазами маводи мухаддир ҳатто инсони комилро низ ба занҷири қавии хеш вобаста мегардонад. Ин мавод нерубахши ашхоси вобаста маҳсуб ёфта, иддаи дигари одамони ногоҳу гумроҳро ба худ ҷалб мекунад. Барои нафарони вобасташуда оқибати истеъмоли он чӣ дода метавонад? Интиҳои он бемориҳои сироятӣ ва бадбахтию саргардонист, магар ин зинадагии арзанда аст?

Муфассал...

 

Марги сафеде, ки рўзгорро тира мекунад

Панҷшанбе, 12 Сентябр 2013 08:52

Нашъа - вабои асри  ҷомеаи ҷаҳонист. Решакан кардани он натанҳо вазифаи мақомоти қудратӣ, балки тамоми ҷомеа мебошад.Ҳанӯз 12-уми апрели соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» имзо шуд, ки мақсади асосии он аз решакан намудани чунин зуҳуроти манфур дар қаламрави кишварамон иборат буд.

Муфассал: Марги сафеде, ки рўзгорро тира мекунад

 

Зарарҳои тиббӣ ва иҷтимоии нашъамандӣ

Душанбе, 20 Май 2013 10:17

(Бахши охири китоби “Таълимоти Ислом алайҳи нашъамандӣ”)

Зарарҳои тиббии гиёҳмандӣ

Мувофиқи тадқиқоти илмӣ маводи нашъаовар баъд аз он‚ ки таввасути даҳон ё бинӣ ба бадани инсон дохил шуд‚ ў аввал ба рудаҳо кашида мешавад ва бо роҳҳои хунгард ба шикам ё ҷигар рафта мерасад. Ҷигар онро оксидонида ба ҳарорат‚ об ва ангидриди карбонат табдил дода‚ барои ба ҷараёни умумии хунгард омехта шудан ёрӣ медиҳад. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои ҷигар аз таъсири он ба касалии сирроз дучор мешавад. Истеъмоли пай дар паи доруи сиёҳ сабаби пурқувватшавии «Сирози ҷигар» мегардад.

Муфассал: Зарарҳои тиббӣ ва иҷтимоии нашъамандӣ

 

Аз шарҳи уламо ҳукми Худову Расули Ӯ (с)-ро бихонем

Шанбе, 20 Октябр 2012 11:18

Дар ду мақолаи қаблан интишорёфта фармудаҳои Худованди пок ва Расули барҳақи ў ҳазрати Муҳаммади Мустафо алайҳиссаломро роҷеъ ба маводи  нашъаовар  оварда будем.

Муфассал...

 

Саҳифаи 1 аз 2

«ОғозБа ақиб12Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН