Ҷиноят ва ҷазо

Дар ин гӯша сарнавишти касоне меояд, ки замоне гумон доштанд, тиҷорату интиқоли мухаддирот беҳтарин василаи зиндагист. Аммо шояд намедонистанд, ки ин роҳашон иштибоҳ аст. Ва ба ин ҳато замоне пай бурданд, ки дастгир шуданд. Кунҷи зиндон фурсатест, ки инсонҳоро ба андешаҳо водор мекунад. Ва дар чунин ҳолат ҳар касе аз онҳо пушаймон аз кардаи хешанд. Ва агар ин пушаймонӣ пештар рух медод, ҳоло онҳо дар озодӣ буданд.

Ва ин чанд сарнавиш барои ҳар кадоме аз инсонҳо омурзандаанд. То дар озодӣ ба қадри зиндагӣ бирасанд ва донанд, ки ҳеҷ ҷурме нест, ки фош нагардад.

Паси ҳар сарнавиште, ки дар ин бахш мехонед, инсонҳои воқеъӣ қарор доранд. Онҳое, ки худ дар маҳбасанд, вале фарзандонашон ранҷи бепадариву бемодарӣ мекашанд. Ҳарчанд ба хотири ояндаи пайвандонашон ва ҳатто ояндаи худи онҳо аз касе мушаххас ном бурда намешавад. Номҳо иваз мешаванд, ки касе дар кӯчаву бозор ангушти ишорат ҷониби касе накунад, ки писар, духтар, фарзанд, падар ё модари ӯ бо маводи мухаддир ба даст уфтодаву зиндонист.

Инак, саҳифаи “Ҷиноят ва ҷазо” пеши шумост, ки метавонед варақ занед ва андешаҳои худро агар фурсат доштед, бинвисед. Ба гӯшаи рости саҳифаи аввал нигаред, ба аломати мактуб фишор оред ва саҳифаи номаҳои ирсолӣ боз мешавад.

Мо интизорем!






Тири хокхӯрда

Душанбе, 10 Август 2015 06:07

Новобаста аз он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон солҳои охир корҳоро оид ба ошкор намудани интиқолдиҳандагони маводи нашъаовар фаъол гардониданд ва садҳо парвандаҳои ҷиноӣ ба суд ирсол гардидаанд, қатори одамоне, ки барои даромади муфт ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, кам намешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ботлоқи ноустувор одамонро ба коми худ фурӯ мебарад.

Сокини яке аз ноҳияи ҷанубии вилояти Хатлон Раҷабов Т. солҳои 1992-1995 таппончаи Макаровро соҳиб шуд. Ҳамон вақт ният дошт, ки дар замони осоишта онро мефурӯшад.

Бо мақсади онро ба соҳибияти каси дигар додан таппончаро дар ҳавлии манзили истиқоматиаш зери хок пинҳон намуда, ғайриқонунӣ нигоҳ дошт. Умед дошт, ки касе дар бораи он чизе намедонад.

Пас аз он, ки дар ҷумҳурӣ муҳити осоиштагӣ ҳукмфармо шуд, ҳеҷ кас намехост бо силоҳи оташфишон сару кор гирад, бинобар ин таппонча боз чанд соли дигар дар зери замин пинҳон буд.

Муфассал...

 

ПАДАРИ ҶИНОЯТКОР, ҲУҶРАИ ПУРАСРОР, ТИФЛОНИ ХОРУ ЗОР

Сешанбе, 26 Август 2014 04:13

Шаҳло ба духтарчаи 3 солааш, ки аз субҳ инҷониб чизе ба даҳон набурдааст, шир пухтанӣ шуд. Шавҳараш имрӯз барвақттар ба хона омада, саросема дар даромадгоҳ чизеро пинҳон карду ба меҳмонхона гузашта, дар рӯи кӯрпача дароз кашид. Ӯ ба як нуқтаи ноаён чашм дӯхта, ба андеша фурӯ рафт. Ҳатто инҷиқиҳои духтарчааш, ки аз ғояти гуруснагӣ ҳар чиро баҳона пеш оварда гиря мекард, барои ӯ беаҳамият буданд.

Муфассал...

 

Дарс бо қиммати гарон

Панҷшанбе, 07 Август 2014 10:31

Шарифҷон ба он рӯзе, ки бо Анвар шинос шуда буд, ҳазорон бор лаънат хонда, худро бадбахттарин одами рӯи олам ҳисоб мекард. Деворҳои бетонии ҳуҷраи маҳбас гӯё аз чор тараф ӯро фишор дода, дили бе ин ҳам озурдаашро озурдатар мегардонанд. Сараш аз гашту гузори зиёди ҳуҷраи танг ба дард омаду ӯ ноилоҷ боз ба ҳамон тахтакати қоқ нишаста, рӯзҳои гузаштаи дар озодӣ буданашро як-як ба хотир меовард…

Муфассал...

 

БАЪДИ АВФ БОЗ ҶИНОЯТ

Панҷшанбе, 13 Март 2014 09:29

Ба истиқболи ҷашни 15 –солагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Фоҷеаи зиндагӣ ба сари ў гўё баъди фавти нобаҳангоми кампири Зиёда омад. Инсони хубе буд модаркалонаш. Дар ин маҳаллаи шаҳри Хуҷанд маҳол буд соҳибэҳтиромтар аз ў каси дигареро пайдо кунӣ.

Муфассал: БАЪДИ АВФ БОЗ ҶИНОЯТ

 

Дарди мову дарди башар

Ҷумъа, 30 Август 2013 11:28

Ба назар мерасад дар сиёсати зиддимухаддиотии олам тадриҷан як консепсияи санҷидашудаи мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ шакл мегирад. Дар замоне, ки иддае аз таҳлилгарон аз шикасти нерӯҳои ҷаҳонӣ дар мубориза бо маводи мухаддир ҳарф мезананд, СММ ба ин бовар аст, ки барномаҳои талош барои коҳиши зарар ва талабот ба мухаддиротҳамоно комёбтар аз қабланд. Мушкилоти ин кор на ба он маъност, ки барномаҳо ноком шудаанд, балки аз онанд, ки шеваҳои мубориза бо мухаддирот бояд такмил дода шаванд.

Муфассал: Дарди мову дарди башар

 

Саҳифаи 1 аз 2

«ОғозБа ақиб12Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН