Ҷаласаҳои Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилоятҳо баргузор гардиданд

Сешанбе, 02 Июн 2015 02:40

            Тибқи фармони Роҳбари Ҳукумати ҶТ ҳамасола аз 20 май то 30 ноябр амалиёти «Кукнор» баргузор мегардад.

           Дар ҳошияи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 2015 доир ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар қаламрави вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар ду марҳила гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҷаласаҳои корӣ баргузор гардиданд.

Муфассал...

 

Тағйироту иловаҳои пешниҳодиро Парламони кишвар пазируфт

Панҷшанбе, 18 Апрел 2013 06:40

17 апрели соли 2013 Ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки якчанд лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муфассал: Тағйироту иловаҳои пешниҳодиро Парламони кишвар пазируфт

 

Қонуни ҶТ дар бораи маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

Панҷшанбе, 22 Декабр 2011 06:21

 

Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологӣ ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ мебошад.

Муфассал...

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Шанбе, 30 Октябр 2010 05:13

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, 167; с. 2002, №11, мод. 675, 750; с. 2003, №8, мод. 456, 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, 447; №10, мод. 803; № 12, қ. 1, мод. 986, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1. Моддаи 202(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Муфассал...

 
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН