Вохӯрии Мини-Дублин дар Агентӣ

Чоршанбе, 23 Ноябр 2016 06:42

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Афсари алоқаи Италия дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Федерико Куатрини ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Мини-Дублин баргузор гардид.

Муфассал...

 

Ҷаласаи гурӯҳи Авроосиё дар Ню-Дели

Сешанбе, 15 Ноябр 2016 10:06

Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Ню-Делии Ҷумҳурии Ҳиндустон 25-умин Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авроосиё (ГАО) дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Кумитаи зиддитеррористии СММ, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ,

Муфассал...

 

Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор гардид

Ҷумъа, 04 Ноябр 2016 05:21

2 ноябри соли 2016 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимов К.Н. баргузор гардид.

Муфассал...

 

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО ВАЗИРИ МУБОРИЗА БО МАВОДИ МУХАДДИРИ АФҒОНИСТОН

Чоршанбе, 21 Сентябр 2016 05:35

20 сентябри соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ – Вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Муфассал...

 

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СММ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Чоршанбе, 21 Сентябр 2016 05:28

20 сентябри соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо хонум Ашита Миттал – Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Ш. Салимзода оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Хонум Миттал ҷавобан ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак ва мавқеи ягона ба масоили вобаста ба маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.



 

Саҳифаи 1 аз 8

«ОғозБа ақиб12345678Ба пешОхир»
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН