назорати мухаддирот ва прекурсорҳо

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Хатлон

Ҷумъа, 31 Июл 2015 08:24

Дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз муовини Раиси Шӯро, Сардори РАНМН-и назди Президенти ҶТ ва Сардори Раёсати тандурустии вилоят, инчунин раисони Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз ҷаласаро оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва тартиби гузаронидани он шинос намуд.

Муфассал...

 

Курси омӯзишии дараҷаи пешқадам дар соҳаи назорати прекурсорҳо ва омӯзиши тренерон оғоз гардид

Душанбе, 15 Июн 2015 09:00

      15 июни соли 2015 дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари панҷрӯза дар мавзӯи “Назорати прекурсорҳо ва омӯзиши тренерон” оғоз гардид, ки дар он 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок менамоянд.

Муфассал...

Конфронси байналмилалӣ дар Таиланд

Сешанбе, 28 Апрел 2015 10:26

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Маводи кимиёвии прекурсорҳо ва моддаҳои нави психоактивӣ” доир гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои ҷаҳон, инчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Аз номи Тоҷикистон дар кори конфронс намояндани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иштирок намуд.

Муфассал...

 

Чорабинӣ оиди муомилоти қонунии прекурсорҳо

Сешанбе, 07 Апрел 2015 08:48

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии қочоқи прекурсорҳо ва вайрон накардани қоидаҳои муомилоти қонунии онҳо бо устодони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, мутахассисони ҶДММ “Тоҷик Чарм” ва ҶСП “Нафтугаз” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ доир ба иҷозатномакунонии фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, ки дар фаъолияти худ прекурсорҳоро истифода мебаранд, фаҳмонида дода шуд.

Муфассал...

Дар бораи баъзе масъалаҳои вобаста ба коркарди афюн

Чоршанбе, 25 Феврал 2015 09:28

Одатан ҳангоми бо тартиби муқарраргардида сӯзонидани маводи нашъаовар, рӯзноманигорон суол мекунанд, ки “Барои чӣ афюнро месӯзонед, магар намешавад онро барои истеҳсоли доруҳои таскиндиҳандаи дард истифода бурд, ё барои дигар мақсадҳо истифода намуд?”

Ин ҷо якчанд сабабҳо мавҷуданд :

Якум, истеҳсол ва коркарди афюн ба сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Тоҷикистон мухолифат менамояд.

Дуюм, Тоҷикистон литсензияи (ҷавоз) (иҷозатномаи) Кумитаи Байналмилалии Назорати Маводи Нашъаоварро барои истеҳсол ва коркарди афюн надорад.

Муфассал...

 
Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН