Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2016

2 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони хадамоти пешбари Агентӣ, намояндагони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Ба намояндагони васоити ахбори омма муаррифинома оид ба фаъолияти оперативӣ-хизматии Агентӣ дар соли 2016 пешниҳод карда шуд. Дар баромади Директори Агентӣ қайд гардид, ки Дар давоми соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 т 426 кг (с. 2015 – 4 т 676 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби АНМН – 808 кг (с. 2015 – 1 т 20 кг) ё 20 фоиз камтар, ВКД - 1 т 641 кг (с. 2015 - 2 т 20 кг) ё 19 фоиз камтар, КДАМ - 845 кг (с. 2015 – 1 т 476 кг) ё 42 фоиз камтар, ХГ- 27 кг (с. 2015 - 150 кг) ё 82 фоиз камтар мебошад. Танҳо АНДМ ва МК соли 2016 106 кг маводи мухаддир мусодира намудааст, ки ин нисбат ба соли 2015 11 маротиба зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 1 т 250 кг ё 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Аз тарафи кормандони Агентӣ дар соли 2016 152 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид, аз муомилоти ғайриқонунӣ 808 кг 149 гр маводи нашъаовар (соли 2015 – 1 т 20 кг 214 гр), аз ҷумла 18 кг 377 гр героин, 237 кг 267 гр афюн ва 543 кг 929 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид, ки ин нисбат ба соли 2015 - 212 кг 65 гр ё 20 фоиз камтар мебошад.

Ҳамчунин, ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилот 180 (с. 2015 - 5439) дона ҳабби синтетикии навъи “Экстазӣ” (МДМА) ва Амфетамин мусодира карда шуд.

Дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13 337 адад ҳабҳои (таблетка)-и моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки он назар ба соли 2015 2104 адад ё 18,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин миқдор 8 656 адад ё 65 фоизашро АНДМ ва МК мусодира намудааст.

Аз 152 (с.2015 - 153) ҷинояти аз ҷониби Агентӣ ба қайд гирифта шуда, 96 ҷиноят оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан(моддаи 200 КҶ ҶТ), 23 ҷиноят оиди муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 201 КҶ ҶТ) ва 15 ҷиноят оиди қочоқи маводи нашъаовар (моддаи 289 КҶ ҶТ) мебошанд.

Соли 2016 – 289 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор карда шудааст, ки 73 ҳолат ё 33% назар ба соли 2015 зиёд мебошад. Аз ин 152 ададро ҷиноят ва 137 ададро ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ташкил медиҳанд. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 2,2 маротиба зиёд ошкор карда шудаанд.

Дар соли ҳисоботӣ 112 (соли 2015-107) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 161 нафар (соли 2015-163) ба суд ирсол карда шуд, ки 4 адад ё 4% назар ба соли 2015 зиёд мебошад.

Дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъолияти 62 (соли 2015 - 60) гурӯҳ ошкор ва безарар гардонида шуд, ки аз онҳо 4-тоаш гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 14 шахс, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир гардиданд, ки ин назар ба соли 2015 40% зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Агентӣ 13 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва 11 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 319 кг воситаҳои нашъаовар мусодира гардид.

Инчунин, аз тарафи кормандони Агентӣ 3 адад силоҳи оташфишон ва 152 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Аз тарафи Лабораторияи экспертизаи судӣ 466 ташхис, аз ҷумла 233 аз рӯи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Инчунин, дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.

Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 430 кг 034 гр маводи нашъаовар аз ҷумла:

- 84 кг 823 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 237 кг 865 гр ҳашиш, 101 кг 36 гр афюн; 6 кг 308 гр - героин, аз рӯи 24 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда аз 18 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст. Соли 2016 дар Агентӣ 1 тоннаву 498 кг, дар як моҳи соли ҷорӣ 430 кг, яъне дар як солу як моҳ қариб 2 тонна маводи мухаддир сғзонида несту нобуд карда шудааст.

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2016 7 067 нафар ҳамчун бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам дар соли 2015 7313 нафар буд. Аз миқдори умумӣ 175 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

IMG_5657

Аз ин миқдор -

Дар шаҳри Душанбе – 2 654 нафар (106 зан);

Дар вилояти Суғд – 1 147 нафар (41 зан);

Дар вилояти Хатлон – 1 385 нафар (18 зан);

Дар ВМКБ – 807 нафар (3 зан);

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1 074 нафар (7 зан).

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо мақсади тақвият додани ҳамкории минбаъда дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, омӯзонидани мутахассисон аз тарафи кишварҳои маблағгузор корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Дар соли 2016 дар Агентӣ дар асоси озмун ба хизмат 63 нафар қабул карда шуданд.

Ҷиҳати тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани интизоми иҷроия ва хизматӣ, масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои онҳо, риояи қонуният, ахлоқ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандон дар Агентӣ корҳҳои назаррас ба анҷом расиданд.



Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН