Дар Агентӣ зиёда аз 360 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Имрӯз, 21 декабр бо мақсади тоза намудани ҷамъият аз паҳншавии маводи нашъаовар, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.

Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 368 килограмму 271 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 7 кг 984 гр героин, 110 кг 910 гр афюн, 111 кг 425 гр ҳашиш, 136 кг 700 гр бангдона ва 1 кг 250 гр ҳаби МДМА аз рӯи 15 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 17,5 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН