Дар Душанбе зиёда аз 208 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

Дар чорчӯбаи амалиёти “Кӯкнор-2016” аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила гурӯҳи қочоқбар безарар гардонида шуд.

Кормандони Агентӣ муддати дароз гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноятпешаро коркард намуданд, ки ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар даст зада, интиқоли онро аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон, ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия ба роҳ монда буданд.

 Ба гурӯҳи мазкур шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон шомил буданд. Маълумоти оперативӣ дастрас гардид, ки рӯзҳои наздик маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.


13 декабри соли ҷорӣ кормандони Агентӣ ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе автомашинаи “Опел-Астра”-ро, ки онро истиқоматкунандаи шаҳри Кобул, шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак идора мекард, боздошт намуданд.

Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи мазкур 7 халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 203 баста бо маводи бӯи махсус дошта мавҷуд буд, ошкор ва мусодира гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи дарёфтгардида ҳашиш буда, вазни он 208 кг мебошад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ бо гумони даст доштан ба ҷинояти мазкур ҳаммаслаки ӯ - сокини 48-солаи пойтахт Бобоев Нуралӣ Давлатович бо тахаллуси “Нури Қарағоч” боздошт гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда автомашинаи худро ба шаҳрванди Афғонистон бо мақсади дастрас намудани маводи нашъаовар дода будааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳи муташаккил, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд, андешида шуда истодаанд.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН