Тамоюлҳои истеҳсоли ғайриқонуии афюн дар Афғонистон дар соли 2015

Соли 2015 тибқи иттилооти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири ҶИА омода гардидааст, майдони кишти афюн дар Афғонистон 183 000 гектарро ташкил дод, ки ин назар ба нишондоди соли 2014 19% камтар аст.

Новобаста аз ихтисори майдони кишти афюн дар Афғонистон, сатҳи ба қайд гирифта шудаи кишти соли ҷорӣ дар қиёс бо даҳсолаҳои пешин баланд боқӣ мемонад, танҳо аз нишондодҳои солҳои 2014 – 224000 га, 2013 – 209000 га ва 2007 – 193000 га камтар мебошад.


Майдони кишти афюн дар Афғонистон дар солҳои 2006-2015


Дар соли 2015 аз 34 вилояти Афғонистон танҳо як вилояти минтақаи шимолӣ – Балх – вазъи худро, ки озод аз кишти афюн буд, гум кард. Ҳамин тариқ, дар 20 вилояти Афғонистон кишти афюн давом дорад.


Миқдори вилоятҳои Афғонистон, ки ки дар онҳо кишти афюн дар солҳои 2006-2015 ба қайд гирифта шудааст

Дар соли 2015 98% майдони кишти афюн дар минтақаҳои ҷанубӣ, ғарбӣ ва шарқии Афғонистон ҷойгир буданд. Аз майдони умумии кишти афюн дар ҶИА ҳиссаи минтақаи ҷанубӣ 65%-ро ташкил менамояд, минтақаи ҷанубӣ – 24% ва шарқӣ – 7%. Ба минтақаҳои шимолӣ ва марказӣ 3% рост меояд.

Дар соли 2015 дар натиҷаи ихтисори майдони кишт ва ҳосили он дар Афғонистон ҳаҷми камтарини афюн аз соли 2002, яъне 3 300 тонна ба қайд гирифта шуд.


Истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар солҳои 2006-2015

Дар соли 2015 дар вилоятҳои минтақаи шимолии Афғонистон ҳаҷми истеҳсоли афюн 233 тоннаро ташкил дод, ки аз онҳо 161 тонна ба вилояти Бадахшон рост меояд. Дар соли 2014 дар вилояти Бадахшон ҳамин қадар афюн истеҳсол гардид.


Майдони кишти афюн ва истеҳсоли он дар вилояти Бадахшон дар солҳои 2006-2015

Иттилооти кӯтоҳ дар бораи вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015


Дар соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар Тоҷикистон 965 (дар соли 2014 - 993) ҷинояти вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки ин 4%-ро аз миқдори умумии ҷиноятҳо ташкил менамояд.



Таносуби ҷиноятҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014-2015 ба қайд гирифта шуда

Дар соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 676 кг маводи нашъаовар мусодира гардид. Таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2014 24,7% кам гашт.


Миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014 – 2015

Дар соли 2015 дар қиёс бо соли 2014 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ кам гардид, аз ҷумла дар ВМКБ – ба 57,7 %, дар ш..Душанбе – ба 38,9 %, дар вилояти Суғд – ба 35,4 %, дар вилояти Хатлон – ба 21,5 % ва НТҶ – ба 16 %.


Таносуби маводи нашъаовари мусодирашуда дар солҳои 2014-2015 дар минтақаҳо

Дар соли 2015 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар вилояти Хатлон 58%-ро ташкил дод, чун солҳои пешин аз нисфи ҳаҷми маводи нашъаовари дар ҷумҳурӣ мусодирашуда зиёд мебошад. Дар соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти салоҳиятдор 11 233 ҳаби МДМА (дар соли 2014 – 2 590) мусодира гардид, ки аз онҳо 5 439 ҳабро кормандони АНМН мусодира намуданд, ки ин нишондод 48% ҳаҷми умумиро ташкил менамояд.

Дар соли 2015 аз тарафи Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 020 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин назар ба нишондоди соли 2014 4% зиёд мебошад.


Таҳлили вазъи нашъамандӣ

Дар соли 2012 дар ҶТ “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017” қабул гардид, ки мутобиқи он Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимолии аҳолии ҶТ чораҳои заруриро оид ба коҳиши зарар таҳия намуда, фаъолияти худро нисбати расонидани кӯмаки наркологӣ ба аҳолӣ ташкил менамояд. Аз тарафи Хадамот нашъамандон ба қайд гирифта мешаванд, вазъияти ҷорӣ таҳлил гардида, сатҳи истеъмоли маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад.

Бино ба иттилооти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ то санаи 31.12.2015 дар қайди диспансерии Хадамоти наркологӣ 7 313 нашъаманд ба қайд гирифта шуданд, ки ин назар ба соли 2014 34 нафар зиёд мебошад (7279). Миқдори занони нашъаманд дар соли 2015 дар қиёс бо соли 2014 аз 199 ба 189 нафар кам гашт (-5,1 %).




Ҷараёни беморшавии нашъамандӣ

Дар соли 2015 аз беморони нашъаманди дар қайд истода истеъмолгарони героин қисми зиёди онҳоро ташкил медод – 81,1 % (5933 нафар). Миқдори нашъамандоне, ки маводи нашъаоварро ба таври тазриқӣ истеъмол менамуданд, 62,9 % (4635 нафар)-ро ташкил карданд.

Истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар яке аз омилҳое мебошад, ки ба паҳн гардидани бемориҳои ВНМО таъсири худро мерасонад. Дар соли 2015 дар қайди Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВНМО 7 640 нафар бо сирояти ВНМО/БПНМ дар қайд истодаанд, ки аз онҳо 2 400 нафарашон занҳо мебошанд. Дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 6 558 нафар беморон бо ин сироят ба қайд гирифта шуда буданд.

Аз соли 2010 дар Тоҷикистон барномаи терапияи ҷойивазкунии афюнӣ таҳия мегардад. Дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 6 нуқтаи ҷойивазкунии афюнӣ амал мекарданд, аз ҷумла ду нуқта дар ш. Душанбе, яктоӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, ки онҳо 611 нафар истеъмолгарони тазриқии афюнро дар бар мегирифтанд (с. 2014 - 431).


Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ

Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН