Ҷаласаҳои Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилоятҳо баргузор гардиданд

            Тибқи фармони Роҳбари Ҳукумати ҶТ ҳамасола аз 20 май то 30 ноябр амалиёти «Кукнор» баргузор мегардад.

           Дар ҳошияи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 2015 доир ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар қаламрави вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар ду марҳила гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҷаласаҳои корӣ баргузор гардиданд.           Ҷиҳати иҷроиши қарори раиси вилоят дар толори калони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ бо ширкати раиси Ситоди кории вилоятии амалиёти “Кӯкнор-2015”, муовини раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Н.А., роҳбарияти Раёсати Агентӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

         Сараввал намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарори раиси вилоятро оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” дар қаламрави вилоят ва тасдиқи ҳайати Ситоди кории вилоятии амалиёти “Кӯкнор-2015”-ро ба самъи ширкатдорони ҷаласа расонид.

       Баъдан дар назди ҳозирин раиси Ситоди кории вилоятии амалиёти “Кӯкнор-2015” муовини раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. суханронӣ карда, хотирнишон кард, ки амалиёти “Кӯкнор” ҳамасола бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва аҳли ҷомеаи мамлакат ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути Сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон киштшуда гузаронида мешавад.

       Аз баромади мавсуф бармеояд, ки дар раванди амалиёти “Кӯкнор-2015” дар вилояти Суғд 192 кг 962 грамм навъҳои мухталифи маводи нашъаовар мусодир шудааст, ки аз он зиёда аз 63 кг-ро маводи сахттаъсири навъи героин ташкил медод.

Дар баробари ин аз тарафи гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда дар майдони умумии 10,9 гектар 18 ҳолати сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор ва дар натиҷа 1 миллиону 277 ҳазору 379 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй решакан ва тариқи ба оташ кашидан нобуд карда шудааст.

      Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби раиси Ситоди кории вилоятии амалиёти “Кӯкнор-2015” аъзоёни Ситоди кории вилоятӣ дар мавриди корҳои пешбинишуда баҳри босифат ва самаранок доир кардани амалиёти “Кӯкнор-2015” мавриди пурсиш қарор дода шуда, ҷаласа бо тасвиби нақшаи ҳамкории муштараки мақомоти марбутаи вилоятӣ дар давраи баргузории амалиёти “Кӯкнор-2015” ба хотима расид.

       Дар вилояти Хатлон низ ҷаласаи Ситоди “Кӯкнор-2015 баргузор гардид.

       Муовини Раиси вилояти Хатлон, Роҳбари Ситоди корӣ Раҷабов Р. ҷаласаро шурӯъ намуда, ҳайати Ситоди кориро оид ба гузаронидани ин амалиёт ошно намуд.

      Баъдан муовини роҳбари Ситоди корӣ, сардори РАНМН дар вилояти Хатлон Хайруллозода Миралӣ дар масъалаи пурзӯр намудани мубориза алайҳи нашъамандӣ тибқи Сарқонуни ҶТ ва пеш аз ҳама иҷроиши Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» суханронӣ намуд.

Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН