16 сол қабл дар Вена Протокол дар бораи созмон додани Агентӣ ба имзо расид

16 сол қабл, 27 апрели соли 1999 дар шаҳри Вена Протокол байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Котиби генералии СММ дар бораи ташкили Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бевосита ба Сардори давлат итоат мекунад, ба имзо расид.

Мутобиқи протоколи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор гардид, ки Агентӣ ва заминаҳои ҳуқуқии онро таъсис диҳад, ба қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои заруриро ворид намояд, бинои хизматиро ҷудо намояд, дар асоси озмун интихоб намудани шахсони барои кор ба Агентӣ қабул шавандаро гузаронад, ва ғайра. РСМММНҶ ӯҳдадор шуд лоиҳаи Барномаи СММ оид ба дастгирии техникӣ ва молиявии Агентии таъсисшавандаро таҳия намояд, дар тайёр кардан ва такмили тахассуси кормандон кӯмак намояд, дар таъсис додани Марказ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот кӯмак расонад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1248 мақоми нави ҳифзи ҳуқуқ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки вазифадор буд сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, инчунин ҳамоҳангии ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва сӯйистеъмоли онҳоро амалӣ намояд.

Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН