НИЗОМНОМА

Замимаи 1

бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 30» январи соли 2007 №156 тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ

Агентии назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ


1. Агентии назорати маводи нашьаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва назорати муомилоти онҳо амалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи онро назорат менамояд.

Вазифаи асосии Агентӣ аз таъмини ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, иборат аст.

2. Агентӣ мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, даp фаъолияташ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.


II. ВАК0ЛАТҲ0


5. Вазифаҳои Агентӣ аз инҳо иборатанд:

- ошкор сохтан, пешгирӣ кардан, қатъ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- ошкор сохтан ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллоби дорои робитаҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо даст доранд;

- пешбурди таҳқиқ ва анҷом додани тафтиши пешакӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти Агентӣ қаpop доранд;

- амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани истеҳсолоти парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

- дар тавқифгоҳҳои муваққатии Агентӣ нигоҳ доштани ашхосе, ки чун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир ва ҳабс шудаанд;

- амалӣ намудани чораҳо барои роҳ надодан ба қонунигардонии даромадҳое (тасфияи маблағ), ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст оварда шудаанд;

- амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амнияти дохилӣ;

- иштирок дар тайёр ва амалӣ намудани барномаҳои миллӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар:

- якҷоя бо вазорату идораҳои ваколатдор таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба тартиби муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои онҳо;

- татбиқи назорат дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашьадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо тибқи муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

- назорати фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва пешниҳоди дастур бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар;

- гузаронидани таҳлили маҷмӯӣ ва баҳодиҳии ҳолати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашьадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти онҳо ва пешгирии нашъамандӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

- дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти маълумот дар бораи эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли баъдина ба Кумитаи байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар;

- тибқи Конвенсияҳои байналмилалии СММ оид ба назорати маводи нашъаовар якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор таҳия намудани Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва барои тасдиқ пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба омӯзиш, баланд бардоштани ихтисос ва табодули таҷрибаи кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои ваколатдори ҷумҳурӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва назорати пешгирии нашъамандӣ;

- татбиқи дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорату идораҳоро оид ба масъалаи ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо санҷад;

- аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти омориеро, ки намунаашро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дигар маълумотеро, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва назорати муомилоти онҳо заруранд, талаб намояд;

- тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба маводи нашъаовар ва ҳамчунин бо супориши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, дигар парвандаҳои ҷиноятии новобаста ба маводи нашъаовар;

- системаҳои ахборию таҳлилиро таъсис диҳад ва фаъолияти ахборию таҳлилиро доир ба ҷамъоварӣ, баҳодиҳӣ, систематизатсия, ғункунӣ ва таҳлили ахбори вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар воситаҳое, ки ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо шомиланд, амалӣ намояд;

- суратгирӣ, сабти овоз, наворгирии видеоӣ, дактилоскопия ва бақайдгирии ашхосеро, ки бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дастгир ва ё гунахкор дониста шудаанд, анҷом диҳад;

- дастрас будани қитъаҳои алоҳидаи маҳал ё иншоотро бо мақсади таъмини гузаронидани чорабиниҳои махсус ҷихати дастгир кардани шаҳрвандоне, ки вобаста ба маводи нашъаовар ҷиноят содир кардаанд, ё ҷиноят содир мекунанд, барои шахрвандон муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои дастӣ, бағоҷ ва шахсонеро, ки мусофирони ҳавопаймоҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ мебошанд, инчунин воситаҳои нақлиётро бо истифода аз таҷҳизоти махсус ва сагҳои хизматӣ-кофтуковӣ аз назар гузаронад;

- бо мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ вазифаҳояшро иҷро намояд;

- ташхиси химиявии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро, ки мусодира шудаанд ва инчунин тадқиқоти криминалистиро гузаронад;

- бо тартиби муқарраргардида маҳфуз доштани маводи тафтишотӣ, оперативӣ ва ғайра, ки ба фаъолияти Агентӣ мансубанд;

- бо мувофиқа истифода намудани маъхазҳои маълумотӣ, биноҳо барои нигоҳдошти шахсони дастгиршудаи барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар гумонбаршуда ва ҳабсшудагон, имконоти интишоротӣ, таъминоти тиббӣ ва ғайраи дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар ҳайати мақомоти иҷозатномадиҳанда нисбати шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ оид ба риояи шарту талаботи фаъолияти иҷозатномадодашуда санҷиш мегузаронад;

- таъсис ва пешбурди маъхази маълумот оид ба мақсадҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданн таклиф дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуданн ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ:

- бо тартиби муқарраргашта таъсиси намояндагиҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва фиристодани кормандони Агентӣ барои кор дар ташкилотҳои байналмилалии зидди нашъамандӣ;

- бо назардошти вазъи воқеии нашьамандии минтақаҳо ва бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ воҳиди сохтории минтақавӣ - шӯъбаҳои байниноҳиявӣ таъсис диҳад.

7. Кормандони Агентӣ тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи нигоҳдошт, бо худ гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи оташфишону воситаҳои махсусро доранд.


Ш. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ


8. Сохтори ташкилию ҳудудии Агентиро дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ ташкил медиҳанд.

9. Агентиро Директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Директори Агентӣ:

- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоти байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаовар намояндагӣ менамояд;

- бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оид ба масъалаи назорати маводи нашъаовар ба имзо мерасонад;

- оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- ташкили умумӣ ва роҳбарии фаъолияти Агентиро амалӣ намуда, барои натиҷаҳои кори он масъулияти шахсӣ дорад;

- дар доираи сохтор ва шумораи штатии тасдиқшуда ҷадвали штатии Агентиро тасдиқ намуда, дар мавриди зарурӣ ба он тағйирот ворид менамояд;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мегардонад ва ҷазои интизомӣ медиҳад;

- вазифаҳои хизматии роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентиро муқаррар менамояд, кормандони Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравиро интишор ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- ба кормандони Агентӣ рутбаҳои махсус, аз ҷумла полковник медиҳад;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони Агентӣ, ҳамчунин шахсоне, ки бо Агентӣ дар иҷрои вазифаҳояш хамкорӣ намудаанд, пешниҳод манзур менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи қабули ҳайати давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи фиристодани ҳайати (кормандони) Агентӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳоеро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдошти Агентӣ ҷудо шудаанд, ихтиёрдорӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

11. Директор ду муовин, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки тибқи пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

12. Ҳайати шахсии Агентӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби озмун ва ба асоси қарордод пурра карда мешавад.

Ихтисор ё зиёд намудани шумораи кормандон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ба кормандони Агентӣ шаҳодатномаи хизматӣ, нишон ва либоси махсус, ки намунаҳои онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, дода мешаванд.

Ҳангоми қабул ба хизмат кормадони Агентӣ савганд ёд мекунанд.

13. Масъалаи адои хизмати кормандони Агентӣ тибқи Низомномаи тартиби адои хизмат аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашьаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, танзим карда мешавал.

14. Маблағгузории фаъолияти Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, давлатҳои маблағгузор ва дигар ташкилоти байналмилалӣ сурат мегирад.

15. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои ҳисоби пардохт ва дигар ҳисобҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти номи Агентӣ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, дигар мӯҳр, штампҳо ва бланкаҳои намунаашон муқарраршуда дорад.

16. Маҳалли чойгиршавии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Н. Қаробоев 52, мебошад.



Замимаи 2

бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 30» январи соли 2007 №I56 тасдиқ шудааст


Сохтори

дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Роҳбарият

Ситод

Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Раёсати сайёри оперативӣ

Раёсати хизмати оперативӣ

Шӯъбаи тафтишот

Шӯъбаи оперативӣ-навбатдорӣ

Шӯъбаи амнияти дохилӣ

Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ

Шӯъбаи назорати муомилоти маводи

нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Шӯъбаи молиявӣ-хоҷагӣ

Шӯъбаи экспертизаи судӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Шӯъбаи воситаҳои оперативӣ-техникӣ ва алоқа Шӯъбаи умумӣ



Замимаи 3

бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “30” январи соли 2007, № 156 тасдиқ шудааст


Haқшаи

идоракунии Агентии назорати маводи нашьаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

Шӯъбаҳои байниноҳиявӣ

Намояндагиҳои Агентӣ дар кишвархои хоричӣ

ва ташкилотҳои байналмилалии зидди маводи нашъаовар


Ulti Clocks content
Яндекс.Метрика

© 2012 АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН